Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.07.2004 18:00, шаҳри Душанбе

30 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Баъди баррасии масъалаи кадрҳо, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2004 тағйирот ворид карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ҷиҳати татбиқи самарабахши маблағҳои буҷети давлатӣ дастур дода, таъкид кард, ки барои рушди соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа ба таври   106 миллион сомонӣ равона мегардад.

Бо назардошти дархосту пешниҳоди шаҳрвандон ва натиҷагирӣ аз сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон барои тармиму таҷдид ва воридоти технологияи муосир ба муассисаҳои маорифу тандурустии вилоят 402 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Масъулин бобати назорати истифодаи мақсадноки маблағҳо вазифадор гардиданд.

Дар маҷлис тазаккур дода шуд, ки дар маҷмӯъ силсилаи сафарҳои кории Сарвари  давлат ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон баробари пешравиҳои назаррас, як қатор камбудиҳои ҷиддиро дар соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, сохтмон, хусусигардонии амволи давлатӣ ошкор намуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таҳияи нақшаи кории фарогири дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои мавҷуда, бо таъсиси ҳайати корӣ ва гурӯҳи экспертии салоҳиятнок баррасӣ намудани омӯзиши лоиҳаҳои стратегӣ, бунёди иншоотҳои дорои аҳамияти умумиҷумҳуриявию минтақавӣ,  ба хусус хати барқи Ҷануб-Шимол, хати интиқоли барқ дар самти Конибодом – Боткент, роҳи автомобилгарди Ваҳдат – Нуробод – Саритош, Қурғонтеппа -Панҷи поён, тармиму таҷдиди роҳи Душанбе – Хуҷанд, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Зарафшон, таҳияи барномаи рушди даҳсолаи вилояти Хатлон, пахши барномаҳои телевизион дар тамоми қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар лоиҳаҳои ҳамкории муштарак ба таври қатъӣ муваззаф гардид.

Бо қарори Ҳукумат санади интихоби хати туннели ағбаи Шаршар ва вурудгоҳҳо ба тунел дар километрҳои 48 ва 61- уми роҳи автомобилгарди Душанбе – Қароқурум тасдиқ шуд.

Дар маҷлис дар бораи гузаронидани рӯзҳои миллии эмкунӣ зидди бемории сурхча дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷудо намудани маблағ барои таъмиру барқароркунии муассисаҳои тиббии ноҳияи Восеъ қарор қабул гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди омӯзиши масъалаи хусусигардонии ғайриқонунии муассисаҳои тиббии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон супориш дод. Прокуратураи ҷумҳурӣ дар муддати як ҳафта аз натиҷаи тафтишоти ин масъала ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд.

Бо қарори маҷлис муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба колеҷҳои санъат табдил ёфта, дар клавиатураи компютерии стандарти ЮНИКОД (UNICODE) алифбои забони тоҷикӣ ҷой дода мешавад.

Аъзои Ҳукумат доир ба созишномаи махсуси байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шветсия дар бораи инкишофи соҳаи тухмипарварӣ қарор қабул намуданд, ки дар асоси он аз Шветсия ба маблағи бебозгашт 13 миллион доллари амрикоӣ ба ҷумҳурӣ тухмиҳои хушсифат ворид мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазорати кишоварзӣ ва сармоягузоронро ҷиҳати дар мӯҳлатҳои наздиктарин ворид намудани заҳрхимикатҳои сифатнок барои хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи ба номи Ҳамадонӣ дастур дода, диққати аҳли маҷлисро ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ҳосилнокии меҳнат, ҳавасмандии деҳқонон, тақсими одилонаи замин ба аҳолӣ ва содироти ҳарчи бештари зироатҳои кишоварзӣ ба хориҷа ҷалб кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ҳалли проблемаҳои экологии сайёра моҳҳои апрел - майи соли 2005 конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузарро мегузаронад, ки тадбири муҳиме дар доираи даҳсолаи амалиёти «Об – барои ҳаёт» хоҳад буд.

Дар хатми кори маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати назорати иҷрои буҷети давлатӣ, ҷамъоварии андозу дигар пардохтҳои давлатӣ, таъмини бетаъхири маошу нафақаи шаҳрвандон, ташкили ҷойҳои нави корӣ бо ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак, омодагӣ ба тирамоҳ – зимистони дарпешистода, таъмиру таҷдиди муассисаҳои соҳаи маориф, дар сатҳи зарури анҷом додани қабули довталабон ба мактабҳои олӣ, ба хусус тариқи квотаҳои президентӣ, ҷалби духтарони манотиқи кӯҳистон ва дигар масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520