Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои Ҳабибуллоҳи Бетараф

02.08.2004 11:00, шаҳри Душанбе

2 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои Ҳабибуллоҳи Бетараф мулоқот кард.

Дар вохӯрҳ  маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки имкониятҳои ҳамкорӣ ба хусус дар бахши истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ хеле зиёданд. Дар ҳолате, ки кишварҳои минтақа, қабл аз ҳама Чину Покистон, Афғонистону Россия ва Қазоқистон ба нерӯи барқ ниёзмандӣ доранд, ҳамкориҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди бунёди нерӯгоҳи барқию обии Сангтӯда ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.

Тарафҳо изҳори умед карданд, ки дар ҷараёни сафари расмии ба қарибӣ амалишавандаи ҷаноби олӣ Сайид Муҳаммади Хотамӣ – Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сангтӯда корҳои сохтмонӣ ба таври расмӣ оғоз меёбад ва тавассути иншоотҳои бузурги энергетикию инфраструктурӣ кишварҳои Тоҷикистону Эрон дар бозорҳои Осиёи Марказӣ ва Россия мавқеи худро устувор хоҳанд кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520