Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо фармондеҳи нави дивизияи 201-уми тирандози Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сергей Юдин

09.08.2004 14:00, шаҳри Душанбе

9 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи нави дивизияи 201-уми тирандози Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сергей Юдин мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия қаноатмандем, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - зеро дар ҷараёни ду сафари корӣ дар моҳҳои июн ва июл ба Федератсияи Россия бо Президент Владимир Путин доир ба ҳалли як қатор мушкилоти мавҷудаи муносиботи дуҷониба мувофиқа ҳосил шуд.

Дар мулоқот зикр ёфт, ки нақши дивизияи 201-уми тирандози Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди таъмини суботу амният, пешгирӣ намудани таҳдидҳои халалдор шудани марзҳои давлатӣ, умуман осоишу оромии минтақа назаррас мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Юдин доир ба рушди ҳамкориҳои низомӣ, ҳамдастии  баҳри тайёр кардани кадрҳои соҳаи ҳарбӣ, ташкили машқҳои муштараки низомӣ, инчунин дарёфти роҳҳои нави таҳкими робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Федератсияи Россия табодули афкор намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520