15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди миллии мардуми Ҷумҳурии Куриё ба унвони Президенти ин мамлакат Но Му Хен барқияи шодбош фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Лутфан табрикоти самимонаи маро ба шарафи рӯзи эълони истиқлолияти Ҷумҳурии Куриё қабул фармоед. Тоҷикистон ба равнақу ривоҷи ҳамкорӣ бо мамлакати Шумо сидқан манфиатдор буда, барои боз ҳам бештар вусъат ёфтани муносибатҳоямон кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Ба Шумо дар ин рӯзи саид саломатӣ, хушбахтӣ, барори кор ва ба халқи бо мо дӯсти кишваратон сулҳу осоиш ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям».