17 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Қазоқистон Асаналӣ Ашимов мулоқот кард.
Дар ҷараёни сӯҳбат доир ба масъалаҳои фарогири эҳёи анъанаҳои пешин, инчунин таҳкими робитаҳои илмию фарҳангии миёни кишварҳои минтақа мароқ зоҳир карда шуд.
Асаналӣ Ашимов ҷиҳати ширкат дар рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе омадааст.
Ташкили чунин чорабиниҳои фарҳангӣ – изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - иқдоми наҷибу омили қувватбахшандаи робитаҳои дӯстонаи миёни халқҳои тоҷику қазоқ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Асаналӣ Ашимов ҳунарпеша ва коргардони театри академии драмаи ба номи Авазови Ҷумҳурии Қазоқистон буда, дар як қатор филмҳо нақши асосиро моҳирона бозидааст, ҳамзамон муаллиф ва коргардони шинохта низ мебошад, дар қаламрави собиқ Итиҳоди Шӯравӣ мухлисони бешумор дорад.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар мавриди ба сатҳи зарурӣ расонидани ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ, таъсису ташкили ҳарчи бештари тадбирҳои минтақавию байналмилалии соҳавӣ, вохӯрӣ ва рафтуомади силсилавии ҳунармандон ба мамолики ҳамдигар ҳамфикрии амиқ изҳор доштанд.