Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Япония хонум Йорико Кавагучи

30.08.2004 14:00, шаҳри Душанбе

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Япония хонум Йорико Кавагучи мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории ҳар ду мамлакат ҳамчунин баъзе проблемаҳои байналмилалие, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб мекунанд, муҳокима шуданд.

Мо,-гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, -сафари шуморо ба мамлакатамон имконияти мусоиде барои ҷӯстӯҷӯи роҳҳои ривоҷи минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории муфиди байни Тоҷикистону Япония мешуморем.

Дар ҷараёни сӯҳбат қайд шуд, ки муносибатҳо бо Япония барои Тоҷикистон яке аз самтҳои имтиёзноки сиёсати хориҷӣ мебошад. Тоҷикистон ёриву дастгирии Ҳукумати Японияро хеле қадр мекунад. Ба туфайли барномаҳои агентии оид ба ҳамкории байналмилалии Япония солҳои охир бисёр мутахассисони тоҷик дар Япония таҷриба омӯхта ва сатҳи касбии худро хеле баланд бардоштанд. Маблағҳои зиёди бебозгаште, ки Ҳукумати Япония дар соҳаи маориф, экология, нигаҳдории тандурустӣ, нақлиёт ва таъминоти об ҷудо кардааст, барои беҳдошти фаъолияти онҳо мақоми назаррасро касб намуданд.

Тарафҳо ба проблемаҳои дорои хусусияти умумиминтақавӣ дар чаҳорчӯбаи муносибатҳои Тоҷикистону Япония дахл намуда, зикр карданд, ки ҳамкории амалии ҳамаи созмонҳои минтақавии қитъаи Осиё ва Уқёнуси Ором  барои пойдории сулҳ, оромӣ ва шукуфоии умум аҳамияти муайяне дорад, ки ҳамаи кишварҳои минтақа ба он бешубҳа, манфиатдоранд.

Тарафҳо ҳамчунин вазъияти Афғонистонро, ки дар арафаи воқеаҳои муҳимми сиёсӣ мебошад, муҳокима намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки интихоботи дарпешистодаи ин мамлакат имкон медиҳад, ки мувозинати бадастомадаи манфиати гурӯҳҳои этникӣ ва қувваҳои сиёсӣ мустаҳкам шуда, заминаи мустаҳкамии рушди сулҳомези ин давлат гарданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520