Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Шоҳи Малайзия Роча Персила Туанку Саид Сироҷиддин Саид Путра Жамалулайл

30.08.2004 09:00, шаҳри Душанбе

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Шоҳи Малайзия Роча Персила Туанку Саид Сироҷиддин Саид Путра Жамалулайл барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:

«Ба муносибати Иди миллии мамлакати Шумо табрикоти самимонаи худро бо камоли қаноатмандии зиёд ирсол медорам.

Тоҷикистон, ки бо кишвари зебои Шумо фаъолона ҳамкорӣ дорад, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои байни давлатҳоямон манфиатдор буда,  тайёр аст, ки барои ривоҷу густариши ҳамкории муфиди Тоҷикистону Малайзия ҳамаи саъю кӯшишро ба харҷ диҳад.

Аз фурсат истифода карда ба Шумо, Аълоҳазрат, тансиҳативу муваффақиятҳо ва ба халқи дӯсти Малайзия беҳбудӣ, сулҳ ва шукуфоиро таманно дорам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520