Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

03.09.2004 11:00, шаҳри Душанбе

3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бештар аз 200 нафар намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ба ифтихори 13-умин солгарди истиқлолияти миллӣ мукофотҳои давлатиро тақдим кард.

Ҳамасола дар арафаи таҷлили солгарди истиқлолияти давлатӣ намояндагони арзандаи соҳаҳои гуногуни ҷомеа бо унвонҳои фахрӣ, ордену медал ва ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

Имсол низ дар асоси моддаи 69-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 209 нафар шаҳрвандони мамлакат барои хизматҳои шоиста дар инкишофи иқтисод, соҳаи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва маориф, эҳсону шафқат ва муваффақият дар кори ҳифзи тандурустии аҳолӣ, хизмати намунавии давлатию ҷамъиятӣ ва фаъолияти босамар ҷиҳати таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо, ташкили хизмати аълои ҳарбӣ, ҷасорату фидокорӣ ҳангоми иҷрои қарзи ҳарбӣ ва хизматӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ бо мукофотҳои давлатӣ шарафёб гардиданд.

Аз ҷумла, нависандаи шинохта Шодон Ҳаниф ба унвони фахрии нависандаи халқии Тоҷикистон, актёри театри академии драмавии ба номи Лоҳутӣ Дилбар Умарова ва роҳбари бадеии академияи «Белканто-интернейшнл»-и шаҳри Милани Италия, ҳунарманди мумтоз ва шинохтаи тоҷик Адҳам Холиқов бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, инчунин Рустам Дулоев ва Абдусамад Абдураҳмонов бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сазовор гардиданд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ нависанда Сорбон Пури Ҳамроҳ барои романи «Достони писари худо» дар соҳаи адабиёт, ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов барои офаридани чеҳраҳои таърихӣ Исмоили Сомонӣ, Искандар ва Спитамен дар соҳаи санъати театрӣ, оҳангсоз Хайрулло Абдуллоев барои силсилаи оҳангҳои «Роҳи Хирад» дар соҳаи санъати мусиқӣ, рассоми халқии Тоҷикистон Юсуфҷон Сангов барои силсилаи мусаввараҳои «Сарзамини офтобӣ» дар соҳаи санъати тасвирӣ ва соҳаи эҷодиёти бадеи барои кӯдакон ва наврасон, оҳангсоз Қудратулло Яҳёев барои силсилаи сурудҳои Булбулакон, сароед!» сазовори ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ дар соли 2004 гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ ба намояндагони доираҳои мухталифи илмию истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ таъкид кард, ки маҳз бо талошу ҳамдастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии ҳамаҷонибаи фарзандони садоқатпешаву соҳибифтихори сарзамин эъмори ҷомеаи озоду демократӣ ба марҳилаи созандагию пешрафт ворид гардид. Мукофотҳои давлатӣ ба онҳое тақдим карда мешавад, ки бо меҳнати фидокоронаву содиқона дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, пешрафти соҳаҳои муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ саҳми назаррас гузоштаанд – изҳор дошт Сарвари Давлат.

Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи дуюм, ордени «Дӯстӣ», ордени «Шараф», медали «Ҷасорат», медали «Хизмати шоиста», медали «Марзбони шуҷои Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони сазовору арзанда тақдим гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520