Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон

12.09.2004 15:00, шаҳри Душанбе

12 сентябр сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ бо гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт идома ёфт.

Дар доираи сафари расмии меҳмони олиқадр дар бӯстонсарои ҳукуматӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки захираҳои истифоданашуда дар ҷодаи равобити иқтисодӣ хеле зиёд буда, тавсеаи ҳамкориҳои ба ҳар ду ҷониб манфиатнок талошу мароми роҳбарияти олимақоми кишварҳо ва хоҳишу нияти мардуми ҳар ду мамлакати дӯсту бародар аст.

Сипас дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ гуфтушуниди ҳайатҳои расмии ҳарду тараф оғоз ёфт.

Таи солҳои охир на танҳо дар ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, балки дар чаҳорчӯбаи муносиботи бисёрсамтаи миёни мамолики узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ раванди устувори афзоиши нишондиҳандаҳои ҳамкорӣ мушоҳида мегарданд, - изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон ва афзуд, ки дар натиҷаи сафарҳои расмии ҷавобии роҳбарони олимақоми Тоҷикистону Эрон, вусъати сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қувват гирифтани робитаҳои соҳибкорони тоҷику эронӣ дар муносиботи ҳамҷаворӣ марҳилаи сифатан созанда ва муфиду самарабахш заминагузорӣ шуд.

Алҳол дар асоси созишномаҳои қаблан ба тасвибрасида, татбиқи барномаи мукаммали вобаста ба коркарди сангҳои қимматбаҳо ва дигар захираҳои фоиданоки табиӣ, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, коркарди зироатҳои кишоварзӣ, азхудкунии боигариҳои обию барқӣ, бунёди роҳ, истеҳсоли трактор ва дигар техникаи соҳаи кишоварзӣ бо муваффақият идома дорад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ фарорасии даврони пӯрмуҳтавои ҳамкориро самараи бебаҳси сиёсати сулҳпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

Ин таҷрибаи нодир дар таърихи ҷаҳони муосир омили омӯзандаи мамолики гирифтори низоъ мебошад, зикр намуд меҳмони олиқадр.

Дар гуфтушунид ёдовар шуданд, ки то имрӯз миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз 130 созишномаҳои муҳимми байнидавлатӣ ба имзо расида, татбиқи бобарори онҳо натиҷаҳои нек медиҳанд.

Ба хусус таъсиси ширкати тарҳи Сангтӯда - 1 ва роҳи зеризаминӣ тавассути ағбаи Анзоб аз далелҳои боварбахши вусъати ҳамкориҳо мебошад.

Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммади Хотамӣ маросими имзои санадҳои дуҷониба баргузор гардид.

Нахуст ба ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Ширкати тарҳи «Сангтӯда - 1»  Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Нурмаҳмадов ва Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳабибуллоҳи Бетараф имзо гузоштанд.   Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растаниҳо аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ворис Мадаминов ва Вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Шариатмадорӣ ба имзо расид.

Ба мувофиқатнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи роҳ надодан ба андозситонии дукарата ва ҷилавгирии канораҷӯӣ аз супоридани андоз аз даромад ва сармоя ва ёддошти тафоҳуми ҳамкории мутақобила дар бораи таъсиси маркази тиҷоратӣ ва намоишгоҳи доимии фурӯш байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳаким Солиев – Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Алии Шариатмадорӣ Вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон имзо гузоштанд.

Ба ёддошти тафоҳум дар хусуси ба таври мутақобил вогузор намудани моликият барои сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Теҳрон ва барномаи ҳамкории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров ва Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Камоли Харрозӣ имзогузорӣ намуданд.

Дар хотима баёнияи муштарак дар бораи натиҷаҳои боздиди расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ ба имзо расид.

Ҳамин тавр, боз як саҳифаи хотирмони таърихи муносиботи дуҷониба боз гардида, заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориро такони наву боэътимод бахшид.

Дар ҳузури доираи васеи хабарнигорони дохилу хориҷ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ аз рушду тавсеаи робитаҳо изҳорӣ қаноатмандӣ намуданд.

Дар мавриди бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда посух дода шуд, ки 51 дарсади хароҷоти бунёди ин маркази тавлиди барқро Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 49 дарсади масрафи онро Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мамолики маблағгузор аз ҷумла Федератсияи Россия ба ӯҳда мегиранд.

Саволу посухи Сарони ҳарду давлат дар нишасти матбуотӣ маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, вазъи минтақа ва ҷаҳон, дурнамои робитаҳои иқтисодию илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин барномаи кории мулоқоти дарпешистодаи сарони мамолики узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро фаро гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520