Нимаи дуюми рӯзи 13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шавкат Азиз, ки ҷиҳати ширкат дар мулоқоти 8-уми Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ба Душанбе омада буд, вохӯрӣ намуд.
Дар баробари баррасии маҷмӯи фарохи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷонибҳо дар мавриди иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Исломии Покистон дар истифодаи захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус бунёди нерӯгоҳи Роғун, инчунин бунёди роҳи мошингарди миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон тариқи дараи Вахон ба мувофиқа расиданд.
- Ман боварӣ дорам, ки нерӯгоҳи Роғун рамзи возеҳ ва шоистаи ҳамкории ду кишвари дӯст хоҳад гардид, афзуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Таъкид ёфт, ки кори комиссияи байниҳукуматӣ бояд фаъолтару самарабахш гардонида шавад.
Мусоҳибон изҳор доштанд, ки вусъати ҳамкориҳои иқтисодию техникӣ ва илмию фарҳангӣ дар сатҳи минтақавӣ ба манфиати кулли мамолики кишварҳои ҳамсоя мебошад.