Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Сарони мамолики аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

16.09.2004 17:00, Қазоқистон

16 сентябр дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона ҷаласаи Шӯрои Сарони мамолики аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд.

Сарони кишварҳо нахуст дар сӯҳбати хоса паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти хадамоти олии ИДМ, яъне Шӯрои роҳбарони олимақоми кишварҳо ва дурнамои ҳамкории бисёрсамтаю серҷабҳаро баррасӣ карданд.

Дар ҷаласаи васеъ бо иштироки ҳайатҳо масъалаи рушди ҳамкориҳо, ба хусус ҳамдастӣ алайҳи таҳдидҳои амнияту осоиш, татбиқи созишномаҳои марбута дар доираи ИДМ, САҲА (Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо) ва СММ, масоили вобаста ба омилҳои халалрасони робитаҳои бисёрҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ муҳокима шуданд.

Дар ҷаласаи Шӯрои Сарони Мамолики аъзои ИДМ унвонии халқҳои узви иттиҳод ва ҷомеаи башарӣ ба ифтихори 60-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 муроҷиатнома қабул намуданд. Ҳамзамон сарони кишварҳо консепсияи ҳамкориҳои мамолики узви ИДМ дар муборизаи муштарак бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштарак алайҳи ҷинояткорӣ барои солҳои 2005 – 2007 ва барномаи ҳамкориҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои он барои солҳои 2005 – 2007-умро қабул намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ дар ҳузури шумораи зиёди хабарнигорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвили, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев, Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочарян, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Украина Леонид Кучма, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов ва Сарвазири Ҷумҳурии Молдова Василий Тарлев натиҷаҳои ҷаласаро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Дар ҷараёни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остона иштирок намуд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520