Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон

17.09.2004 10:00, шаҳри Душанбе

Субҳи рӯзи 17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Баъди шунидани гузориш оид ба вазъи кунунии ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, Сарвари давлат дастур дод, ки суръати ҷамъоварии ҳосили пахтаро тезонанд, зеро мувофиқи маълумотҳои пешакӣ охирҳои моҳи сентябр вазъи ҳаво тағйир хоҳад ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки бояд қувваҳои қобили меҳнат танҳо бо роҳи ҳавасмандии молиявӣ ба кори саҳро ҷалб шаванд ва аз таҳсил бозмондани хонандагон қатъиян манъ аст.

Сарвари давлат зимин сӯҳбат ҳамзамон ба масъалаҳои пешрафти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъмини саривақтии маошу нафақа ва омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ мароқ зоҳир намуда, дар ҳамин замина ба раиси вилояти Суғд Қосим Қосимов ва раиси вилояти Хатлон Амиршо Миралиев супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520