Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо раисони ноҳияҳои Қумсангиру Колхозобод ва Данғараи вилояти Хатлон

18.09.2004 10:00, шаҳри Душанбе

18 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Қумсангиру Колхозобод ва Данғараи вилояти Хатлон сӯҳбати телефонӣ дошт.

Аз гузориш маълум гардид, ки дар баъзе ноҳияҳо вазъи ҷамъоварии ҳосили пахта ғайриқаноатбахш аст. Сабабҳои асосии мушкилот ҷалби номуташакилонаи чинакчиёну ёрдамчиён, сари вақт пардохт нашудани музди меҳнат ва истифода нагардидани техникаи ҳосилғундор аст.

Ба хусус дар ноҳияҳои Қумсангиру Колхозобод вазъият беҳбудии амиқ мехоҳад.

Сарвари давлат аз раисони ноҳияҳои номбурда қотеъона талаб намуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин бартараф карда, аз натиҷаҳои он ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш диҳанд.

Дар ҷараёни сӯҳбати телефонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон диққати роҳбарони ноҳияҳои Колхозобод, Қумсангир ва Данғараро ба таъмини бетаъхири шароитҳои моддии деҳқонон, ҷамъоварии беталафи ҳосили пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, пардохти саривақтии маошу нафақа ҷалб намуда, дастурҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520