Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия

07.10.2004 17:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия рафт.

Дар фурудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов ва дигар ашхоси расмӣ гусел намуданд. Сарвари давлатро дар ин сафар вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Файзулло Холбобоев, вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Солиев ва вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Нурмаҳмадов ҳамроҳӣ намуданд.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия дар сатҳи олӣ як қатор созишномаҳои муҳимми байнидавлатӣ ба имзо хоҳанд расид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520