Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими имзои созишномаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон

11.10.2004 12:00, Люксембург

11 октябри соли 2004 дар таърихи давлати навини Тоҷикистон боз як саҳифаи фаромӯшнопазир кушода гардид. Дар Люксембург бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазирони корҳои хориҷии 25 мамолики узви Иттиҳоди Аврупо созишномаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Дар ин маросими таърихӣ Дабири кулли Шӯро, ваколатдори олии Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷии умумӣ дар бахши амният Ховер Солана иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз роҳи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати дарҳои кушод, пешравиҳои иқтисодию тиҷоратӣ, робитаҳои ширкатҳои бонуфузи молиявии сайёра бо истеҳсолотчиёни ватанӣ иттилоъ дода, афзуд, ки ҳаҷми миёнаи болоравии иқтисоди миллӣ тайи солҳои охир 10 фоизро ташкил дода, асосан барномаи хусусигардонии хурду миёна ба анҷом расидааст.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо 19 забони мамолики Аврупо тарҷума гардида, тариқи воситаҳои ахбори омма паҳн гардид. Ин дастоварди бузург ва беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифодаи амиқи қавитар гардидани эътимоди ҷомеаи башарӣ аз сиёсати боровари иқтисодӣ ва хориҷии давлату ҳукумати Тоҷикистон ва натиҷаи талошҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, дарвозаҳои азими ҷалби сармоя, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро бо 25 мамолики тараққикардаи Аврупо ифтитоҳ кард.

Дар вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари Давлати Люксембург-Гертсоги Кабир Генри ин пешрафти арзишманди сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, қабл аз ҳама самараи неки роҳи бунёди ҷомеаи озоду демократии Тоҷикистон арзёбӣ карда, Эмомалӣ Раҳмонро бо имзои созишномаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.

Дар ҷараёни сӯҳбати тӯлонӣ ва пурмӯҳтаво ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, энергетика, коркарди зироатҳои кишоварзӣ, инчунин мавзӯоти байналмилалӣ, аз ҷумла вусъати мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва дигар таҳдидҳои башарӣ табодули назар карда шуд.

Дар сӯҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Люксембург Жан Клод Юнкер низ имзои созишномаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муқтадири тавсеа ва инкишофи ҳамкориҳои ба тарафҳо судманд маънидод гардида, дар мавриди таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Люксембург мавқеи ягона баён шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520