Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор Питер Вингли

14.10.2004 13:00, шаҳри Душанбе

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор Питер Вингли мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба татбиқи барномаҳои давлатии рушди иқтисодӣ, аз ҷумла стратегияи паст кардани шиддати камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Мо ба тавсеаи робитаҳо бо Хазинаи байналмилалии асъор мароқи хоса зоҳир менамоем, - таъкид кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, -зеро дар натиҷаи ҳамкориҳои самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хазинаи мазкур дар ҳаёти иқтисодии мамлакат дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд.

Дар вохӯрӣ зикр ёфт, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли ҷорӣ, аз ҷумла дар 9 моҳи охир 12,6 фоиз афзуд ва натиҷаи он дар ҷамъбасти сол на камтар аз 10 фоизи пешгӯишуда хоҳад буд, ки ин иҷрои ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии пешниҳодшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба андозаи 7 миллиарду 300 миллион сомонӣ ва 5 фоизи сатҳи инфлятсияро имконпазир мегардонад.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки раванди татбиқи ислоҳоти сохторӣ дар хизмати давлатӣ ва дигар барномаҳои кутоҳмуддат ва дарозмӯҳлати давлатӣ идома хоҳанд ёфт.

Алҳол дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ бобати таҳияи консепсияи ягонаи ислоҳот дар бахши раёсати давлатӣ фаъолият дорад ва то охири сол пешниҳодоти худро омода хоҳад сохт.

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷии аҳли исломро, ки дар кишвари мо кору зиндагӣ доранд, ба муносибати фаро расидани моҳи хайру саховат ва меҳру садоқат иди Рамазон муборак гуфта, барояшон тандурустии комил, ҷисму рӯҳи пок ва ризқу рӯзии фаровон орзу намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520