14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири саноат ва энергетикаи Федератсияи Россия Виктор Христенко ва раиси ҷамъияти саҳҳомии РАО ЕЭС Анатолий Чубайс мулоқот кард.
Дар вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетикӣ, ба хусус, бунёди неругоҳҳои барқии обии Сангтӯда ва Роғун ва дигар мавзуоти вобаста ба он баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо доир ба муҳимтарин паҳлӯҳои созишномаҳои ҳамкорӣ, ки дар ҷараёни сафари нахустини расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олӣ ба имзо хоҳанд расид, табодули назар намуданд.