Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев

17.10.2004 10:00, шаҳри Душанбе

17 октябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев, ки ҷиҳати иштирок дар мулоқоти навбатии сарони мамолики узви Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе омадааст, мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ як қатор масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ шуданд.

Алҳол дар ҷодаи робитаҳои иқтисодӣ  миёни кишварҳоямон захираҳои истифоданашуда хеле зиёданд ва истифодаи мақсадноки онҳо ба содироту воридоти рӯзафзун, ташкили корхонаҳои нав  мусоидат хоҳад кард, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави вусъати робитаҳои ба ҳар ду тараф судманд таклифҳои ҷолиб баён доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520