Шоми рӯзи 17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бӯстонсарои ҳукуматӣ мулоқот намуд.
Мавзӯи асосии сӯҳбат ба сатҳи боз ҳам болотар баровардани ҳамкориҳои самарабахши дуҷониба буд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев бо изҳори қаноатмандӣ аз таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон, зарурати дар марҳилаи кунунии инкишоф таъмини шароитҳои озоди рафтуомаду додугирифти иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии сокинони ду мамлакати дӯстро махсус таъкид карданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои рӯзномаи кории вохӯрии навбатии сарони мамолики узви Созмони ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ, авзои минтақа, ба хусус, мубориза алайҳи терроризм ва гардиши қайриқонунии маводи мухаддир ва дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо мароқ зоҳир намуданд.