Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон

19.10.2004 10:00, шаҳри Душанбе

19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Сарвари давлат нахуст ҳисоботи раисони вилоятҳоро дар мавриди вазъи кунунии ҷамъоварии ҳосили пахта, пардохти музди меҳнати деҳқонону ёрдамчиён, шароитҳои корӣ ва ҳавасмандии пешқадамон ва дар маҷмӯъ мушкилоту пешравиҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ду вилояти калонтарини ҷумҳурӣ шунида, аз дурнамои нақша ва тадбирҳои омодагӣ ба заминагузории ҳосили баланди соли оянда ба таври муфассал пурсон шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз раванди ғайриқаноатбахши ғунучини пахтаи бо заҳмати зиёд парваришнамудаи кишоварзон изҳори нигаронии амиқ кард.

Имсол натиҷагирӣ аз фаъолияти раисони вилоят ва шаҳру навоҳии мамлакат аз рӯи нишондиҳандаҳои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахта, меваю сабзавот, картошка ва дигар зироатҳои кишоварзӣ қатъию мушаххас ҷараён хоҳад гирифт, - изҳор дошт Сарвари давлат ва афзуд, ки бояд бо мақсади эҳтироми меҳнати деҳқонони заҳматпеша аз ҳар лаҳзаи фасли тирамоҳ истифода бурда, ҳосили дар саҳро буда беталаф ҷамъ оварда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сӯҳбати телефонӣ ба раисони вилоятҳои Суғду Хатлон бобати таъмини аҳолӣ бо маводи сӯхт, аз ҷумла ангишт, ташкили мағозаҳои китоб ва таъминоти онҳо бо маводи зарурӣ, баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, пардохти бемамонияти маошу нафақаи шаҳрвандон ва беҳдошти фаъолияти муассисаҳои маорифу тандурустӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Сарвари давлат дар ҳамин асос муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодовро вазифадор кард, ки барои таъмини саривақтии хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат, омодагӣ ба кишту кори тирамоҳӣ, гузоштани заминаҳои ҳосили баланди пахта, ғалла ва сабзавоту мевагӣ дар соли оянда чораҳои бетаъхир андешад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520