Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати намояндагони Иттиҳоди Аврупо

21.10.2004 12:00, шаҳри Душанбе

21 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати намояндагони Иттиҳоди Аврупоро бо сарварии раисикунанда дар Иттиҳоди Аврупо Киис Фратерман ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот, ки дар фазои созандаю самимӣ ҷараён гирифт, муҳимтарин масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.

Таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Иттиҳоди Аврупо, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, -аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Баъди имзои созишнома бо 25 мамлакати узви иттиҳод, ки маросими расмии он 11 октябри соли 2004 дар Люксембург баргузор гардида буд, ин раванд ба марҳилаи сифатан эътимодбахш ворид шуд.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки имзои созишнома далели бебаҳси пешрафти бобарори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои стратегӣ, ислоҳоти муваффақонаи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи навини Тоҷикистон ва қабл аз ҳама сиёсати фарогири талаботи замони нав, талошҳои дурбинонаву созандагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот ба мавзӯъҳои марбут ба ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи барномаи кӯмакҳои калони молиявӣ, барномаи амнияти озуқаворӣ, барномаи лоиҳаи кӯмакҳои башардӯстона, барномаи ТАСИС ва бо назардошти аҳамияти минтақавӣ дар робита бо хазинаи байналмилалии Наҷоти Арал диққати махсус дода шуд.

Ба мавзӯоти байналмилалӣ дахл намуда, ҷонибҳо афзоиши доираи фаъолияти терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои глобалиро мушкилоти хатарноку ташвишовари ҷомеаи башарӣ номиданд.

Истеҳсоли рӯзафзуни маводи мухаддир асоси таъминоти молиявии гурӯҳҳои террористии олам аст, - афзуд Сарвари давлати Тоҷикистон, аз ин рӯ бо вусъати раванди барқарорсозии иқтисодии Афғонистон пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуб аз вазифаҳои аввалиндараҷаи айём бояд бошад.

Ҳайати бонуфузи Иттиҳоди Аврупо пешниҳодоти асосноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди таҳкими мубориза алайҳи хатарҳои умумибашарӣ ва қувват бахшидани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии миёни Иттиҳоди Аврупо бо мамолики Осиёи Марказӣ бо қаноатмандӣ ҷонибдорӣ карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520