Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба императори Ҷопон Акихито

25.10.2004 18:00, шаҳри Душанбе

25 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар зилзилаи сахт дар Ҷопон ба унвони императори Ҷопон Акихито барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад:

«Аз хабари дар мамлакати Шумо рух додани зилзилаи сахт, ки дар натиҷаи он даҳҳо одамон ҳалок шуда зарари калони моддӣ расидааст,  хеле ғамгинам.

Хоҳиш мекунам дар ин лаҳзаҳои андӯҳгин тасаллияти маро ба хешу таборон ва пайвандони ҳалокшудагон расонед».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520