ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 15 июни соли 2016 №256
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи Сардори Хадамоти назорати давлатӣ
дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Самадзода Н.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Самадзода Навруз Абдулҳамид бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон