Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

23.06.2016 16:33, Ӯзбекистон

Дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот карда, маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, таъкид дошт, “мо ҷонибдори тақвияти бештари низоми навини сиёсӣ ва таъмини субот ва амният дар Афғонистони бародар мебошем ва онро гарави амнияти пойдор дар Тоҷикистон ва кулли  минтақа медонем”.

Ҷонибҳо аз густариши муносибатҳои дӯстонаву судманди бисёрҷониба, ки марҳила ба марҳила мазмуни амиқтарро касб менамоянд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки барои татбиқи ҳадафҳои ба ҳар ду ҷониб судовар фаъолияти пурсамари Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ метавонад нақши муҳим дошта бошад.

Тақвияти ҳамкории муштарак вобаста ба хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ки хусусияти умумиминтақавӣ ва ҳатто глобалӣ доранд, зарур шумурда шуд.

Дар охир изҳори умед карда шуд, ки ду кишвари ба ҳам ҳамсояву бародар бар асари талошҳои муштарак дар роҳи рушду такомули муносибатҳои дӯстӣ ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд гашт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520