Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

28.06.2016 09:12, шаҳри Хоруғ

28 июни соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мулоқот кард.

Пеш аз натиҷагирӣ аз сафари бобарору созандаи корӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнону Ишкошим, ки аз 25 то 28 июн ҷараён дошт, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо ҷашнҳои умумимиллӣ - 19 - умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 25 - солагии истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимии сокинон ва вусъати корҳои созандагии мардуми заҳматкаши вилоят изҳори қаноатмандӣ намуд.

Зимни таҳлили вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои пешрафти вилоят зиёда аз 7 миллиард сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети давлатӣ 2,8 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст. 30 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингард, рушди соҳаҳои энергетикаву кишоварзӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ислоҳот ва рушди соҳаи маориф бошад, татбиқи 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии як миллиард сомонӣ идома дорад.

Таъкид гардид, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент аз соли 2007 инҷониб дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 414 миллион сомонӣ корҳои бунёду барқарорсозии 75 иншооти муҳимро ба роҳ монда, аз ин ҳисоб то имрӯз 59 иншоотро бо харҷи 337 миллион сомонӣ ба истифода супоридааст ва корҳо дар иншооти дигар идома доранд.

Дар маҷмӯъ, тайи 25 соли истиқлолият ба буҷети вилоят 914 миллион сомонӣ маблағҳои субвенсионӣ дода шудаанд ва барои солҳои 2016-2018-ум иловатан дар ҳаҷми 486 миллион сомонӣ ҷудо кардани маблағ пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз оқибатҳои фоҷеабори офатҳои табиӣ, зикр намуд, ки соли 2015 офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел ва заминларза ба ноҳияҳои вилоят хисороти молиявии беш аз 131 миллион сомониро ташкил карда, 867 хонаи истиқоматӣ, аз ҷумла 254 хона пурра ва 613 хона қисман хароб шуд. Бо дастгирии саривақтии Ҳукумати мамлакат 115 хонаи истиқоматӣ, иншооти инфрасохторӣ ва роҳи харобгардидаи мошингарди байналмилалии вилоят ба маблағи зиёда аз 50 миллион сомонӣ барқарор ва сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар доираи татбиқи “Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015” дар вилоят 48 корхона ва 62 коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият дошта, илова бар ин, дар давоми соли 2016 бунёди 20 корхонаву коргоҳҳои нав бо садҳо ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири суханронӣ Раиси вилоят, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти марбутаро вазифадор кард, ки барои иҷрои ҳатмии ҳадафҳои созандаи Ҳукуматӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, хусусан сарватҳои табиии ҳудуди вилоят барои бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ супориш дод, ки баҳри татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии сокинон тадбирҳо андешида, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот диҳанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520