Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Шигео Катсу

05.11.2004 17:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 5 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Шигео Катсу, ки ҷиҳати иштирок дар вохӯрии машваратии донорҳо ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот кард.

Дар вохӯрии самимию созанда маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат таъкид ёфт, ки дар натиҷаи ислоҳоти бобарори иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 12,9 фоиз афзуда,  ҳаҷми истеҳсол дар кулли соҳаҳо, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва хизматрасонӣ дар муқоиса бо солҳои пешин боло рафт.

Таваррум дар нӯҳ моҳи соли 2004 4,4 фоизро ташкил дод.

Дар доираи татбиқи Стратегияи идораи қарзҳои берунӣ ва имзои созишномаҳо бо Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳиндустон ва Федератсияи Россия қарзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 330 миллион доллар кам гардид.

Ҷонибҳо ин дастовардҳои иқтисодиро самараи неки ҳамкориҳо бо кулли созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва кишварҳои маблағгузор ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карданд.

Дар мулоқот доир ба рушди соҳаҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ислоҳоти иқтисодӣ, кишоварзӣ, таҷдиди ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520