Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эммануэл Мэл

09.11.2004 15:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эммануэл Мэл эътимоднома қабул кард.

Сипас дар вохӯрии ҷонибҳо маҷмӯи фарохи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳимтарини иқтисодию тиҷоратӣ баррасӣ шуданд.

Ҷиҳати инкишофи муносиботи фаъоли иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи сифатан самарабахш фаро расидааст, таъкид гардид дар мулоқот.

Дар ҷараёни сӯҳбат ба масъалаҳои вобаста ба ҳаводиси Шарқи наздик дахл намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ҳамчун дигар мамолики сулҳпарвари сайёра Тоҷикистон аз идомаи муноқишаи исроилу араб изҳори нигаронӣ дорад ва гуфтушуниди сиёсиро роҳи ягонаи ҳалли муаммо медонад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520