Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

17.11.2004 18:00, шаҳри Душанбе

Нимаи аввали рӯзи 17 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис як масъала, - лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005» муфассалу ҳамаҷониба муҳокима шуд.

Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосӣ ва хусусияти сиёсати буҷети давлат дар марҳалаи ҳозира сухан кард. Вай ба проблематикаи марбут ба рушди минбаъдаи хусусияти иҷтимоии сиёсати молиявию иқтисодии давлат, таҳкими системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, татбиқи чорабиниҳои самарабахш бобати риояи принсипи адолати иҷтимоӣ, муборизаи зидди ришвахурӣ ва ҳодисаҳои қонуншиканӣ ва ҳуқуқу тартиботи ҷомеа диққати асосӣ дод.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов аз рӯи масъалаи муҳокимашуда маърӯза карда ба саволҳои аъзои ҳукумат ҷавоб дод.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорро дар бораи маъқул ёфтани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005» ва ҷиҳати пешниҳоди он ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуд.

Дар маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин як қатор масъалаҳои муҳимми ҳаёти имрӯзаи мамлакат, аз ҷумла масъалаҳои тайёрии объектҳои иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ ба фаъолият дар шароити давраи зимистон ва баланд бардоштани дараҷаи ҷиҳозонии техникии хадамоте, ки ба шаҳрвандон шиносномаҳои хориҷӣ медиҳанд муҳокима шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520