Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои амфитеатр дар шаҳри Душанбе

17.11.2004 11:00, шаҳри Душанбе

17 ноябр дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ боз як воқеаи муҳим ба вуқӯъ пайваст. Дар арафаи ҷашни 80-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як иншооти муҳимми фарҳангӣ - амфитеатр мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳузур доштанд.

Мавриди зикр аст, ки амфитеатри шаҳри Душанбе дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ ягона буда, бо ибтикори ҳукумати шаҳри Душанбе ва ҷалби беҳтарин лоиҳасозони кишвар аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии «Хонасоз» ва муассисаҳои сохтмони «Монолитстрой», «Душанбестрой», «Спетсстрой» дар маркази пойтахт, аниқтараш дар баландии теппаи хиёбони Исмоили Сомонӣ, шафати чапи дарёчаи Душанбе бунёд карда шудааст. Амфитеатр дорои 1500 ҷойи нишаст буда, аз чанд ҷиҳат ба театрҳои Юнони Қадим шабоҳат дорад. Дар он усули нави меъмории миллӣ таҷассум ёфта, аз се саҳнаи алоҳида иборат аст. Дар миёнаҷои амфитеатр фаввораи нимдоира сохта шудааст. Дар таҳхонаи амфитеатр тарабхона ва дигар муассисаҳо ба мизоҷон хизмат мерасонанд.

Дар маросими ботантанаи ба истифода додани амфитеатр садҳо нафар шаҳрвандони пойтахти ҷумҳурӣ ва меҳмонони хориҷӣ иштирок карда, ташрифи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба ин Кохи фарҳангӣ таҳти кафкӯбиҳои пурмавҷ ва гулафшониҳо истиқбол намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520