20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мири шаҳри Москваи Федератсияи Россия Юрий Лужковро, ки ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 80-умин солгарди ташкилёбии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.
Мавзӯи сӯҳбати созанда ва пурмуҳтавои ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангиро дарбар гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот на танҳо ҳамкориҳои дутарафаи пойтахтҳои Тоҷикистону Федератсияи Россия балки дар маҷмӯъ робитаҳои бисёрсоҳаи ду мамлакат баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо изҳори боварии комил намуданд, ки бо татбиқи амалии созишномаҳои ҳамкорӣ ба хусус, дар ҷодаи азхудкунии захираҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба сатҳи баланд хоҳанд расид.