Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъсиси ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

23.11.2004 11:00, шаҳри Душанбе

23 ноябр Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ривоҷу равнақи минбаъдаи адабиёти бадеӣ ва санъати мусиқӣ, ҳавасманд гардонидани адибон ва композиторон барои бештару беҳтар инъикос намудани арзишҳои миллӣ ва умумибашарии маънавию фарҳангӣ, ифтихори миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ дар бораи таъсиси ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон фармон ба тасвиб расонид.

Мутобиқи Фармони Президенти Тоҷикистон ду ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ ва ду ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода дар соҳаи адабиёт, таҳқиқ ва тарҷумаи осори бадеӣ; як ҷоизаи ба номи Борбад дар соҳаи санъати мусиқӣ муқаррар карда шудааст.

Пардохти ҷоизаҳо ба Иттифоқии нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқии композиторони Тоҷикистон ба маблағи мутаносиб ба 1000 (як ҳазор) доллари ШМА барои ҳар як ҷоиза дар ду сол як маротиба аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

Ҳамчунин бо ҳамин Фармони худ Сарвари давлат Раёсатҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистонро вазифадор намудааст, ки дар мӯҳлати як моҳ низомномаи ҷоизаҳои мазкурро таҳия ва тасдиқ намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520