Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷудо намудани маблағ барои таъмири Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт

26.11.2004 15:00, шаҳри Душанбе

26 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Фармоиши худ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявии соли 2004 барои рушди муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва варзиш пешбинишуда ба буҷети ноҳияи Рашт ҷиҳати ба анҷом расонидани таъмири Қасри фарҳанги ноҳия 100000 (сад ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

Раиси ноҳияи Рашт вазифадор гардид, ки истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520