Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.11.2004 15:00, шаҳри Душанбе

30 ноябр бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Аз рӯи масъалаҳои ба рӯзномаи корӣ ворид шуда, нахуст фаъолияти Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ин бора раиси Фонд Гулчеҳра Бозорова гузориш дод. Дар мавриди таъмини саривақтии нафақаи шаҳрвандон бояд ягон мушкилоту монеа ҷой надошта бошад, - таъкид кард Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва ба масъулин бобати боз ҳам ҷиддитар ба роҳ мондани масъалаи ҷамъоварии маблағҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дод.

Аъзои Ҳукумат баъди баррасии лоиҳаи «Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2005» қарори дахлдор қабул намуданд. Ҳамзамон Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Ҳадафи барнома таъмини шароити мусоид барои самаранокии иқтисодиёт, фаъолияти мақомоти роҳбарикунандаи давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ аз ҳисоби татбиқу интишори оммавии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамин замина ворид намудани технологияи навтарини иттилоотӣ бо истифодаи забони давлатӣ, таъмини ҳуқуқии ҳама дараҷаҳои субъектҳои иқтисодӣ барои дастрасии озод ба иттилоот, такя ба технологияҳои асосгузори интернет, инкишофи системаи муҳаррирони графикию матнӣ, технологияи мултимедия ва интернет-идеология дар назар аст.

Дар Консепсияи инкишофи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, ки атрофи он баҳси тулонӣ ва судманд ҷараён гирифт, омилҳои муҳимми ташаккули бахши қудратманди хусусии иқтисодиёт, инфрасохтори мутараққии дастгирии соҳибкорӣ, воситаҳои асосии макроиқтисодӣ ва дигар василаҳои дастгирии давлатию ҷамъиятӣ нишон дода шудаанд.

Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки дар бахши хусусӣ фаъолият доранд, ба мақсади татбиқи Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2015, Стратегияи рушди соҳибкориро то моҳи сентябри соли 2005 таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2005 меъёри хароҷоти маблағи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили фароғати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, таъмини хӯроки парҳезӣ, инчунин дигар тадбирҳои тандурустию профилактикӣ, ки бевосита дар ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон амалӣ мегарданд, ба андозаи 1,4 фоизи маблағи ҳисобкардашудаи ҳаққи аъзогии ҳатмии суғуртаи иҷтимоӣ муқаррар карда мешавад.

4 ноябри соли 2004 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки мувофиқи он маошу нафақа ва стипендияҳо аз 1 январи соли 2005 ба ҳисоби миёна 80 фоиз баланд бардошта мешавад. Дар маҷлис бо мақсади татбиқи амалии фармони мазкур вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ супориш гирифтанд.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки аз 1 январи соли 2005 ҳисоби ҳадди ақали нафақаро аз рӯи синну сол бо назардошти собиқаи кории умумии меҳнатӣ баробар ба собиқае, ки барои ҳисоби нафақаи пурра зарур аст, ба андозаи 12 сомонӣ дар як моҳ ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаро аз рӯи синну сол 120 сомонӣ дар як моҳ ба амал барорад.

Сарвазири кишвар Оқил Оқилов афзуд, ки бо ҳидоят ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи ин фармон дар маҷмӯъ дар Буҷети давлатии соли 2005-ум 220 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст ва 46 дарсади буҷет асосан барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.

Аъзои ҳукумат нақшаи тадбирҳои вобаста ба омодагӣ ва баргузории «Соли тамаддуни ориёӣ»-ро тасдиқ намуданд, ки дар асоси он солҳои 2005 ва 2006 ташкилу баргузории конфронсҳои илмию амалӣ, озмуну симпозиумҳо таҳия ва чопи рефератҳо, библиографияҳо, китобҳо ва маҷмӯи мақолаҳо дар назар аст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи академик Алоутдин Баҳоуддинов муаррифӣ мешавад.

Дар маҷлис бештар аз 25 масъалаҳои муҳимми ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа баррасӣ шуданд.

Дар хатми маҷлис Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2004 фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар маҳалҳо оид ба фаҳмонидани мӯҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи тантанавии 10-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баланд бардоштани маошу нафақа, аҳамият ва зарурати кодексҳои нави андозу гумрук, андешидани тадбирҳои хайриявӣ барои эҳтиёҷмандон дар арафаи Соли нав, беҳдошти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъмини гармӣ ба аҳолӣ, дар сатҳи зарурӣ анҷом додани мавсими шудгори тирамоҳӣ, омодагӣ ба кишту кор, таъмини хоҷагиҳо бо маводи сӯхт ва нуриҳои минералӣ, пардохти бемамонияти маошу нафақа ва татбиқи самарабахши амру фармонҳои қаблан қабул гардида дастурҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520