Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расонидани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул намудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи қабул намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

03.12.2004 12:00, шаҳри Душанбе

3 декабр аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду ҳуҷҷати муҳим-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул намудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мавриди амал қарор додани он, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мавриди амал қарор додани он имзо карда шуд.

Зимни посух ба саволҳои хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар мавриди зарурат ва аҳамияти ин қонунҳо Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарипов таъкид кард, ки лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул намудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мавриди амал қарор додани он, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мавриди амал қарор додани он, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод шуда буданд, бо мақсади амалӣ гардонидани супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, содда, равшан ва фаҳмо гардонидани Кодекси андоз, аз байн бурдани андозҳои бесамару заҳматталаб, содда намудани механизмҳои пардохти андоз аз тарафи андозсупорандагон ва ҷамъ намудани андоз аз тарафи мақомоти андоз таҳия гардида буданд.

Дар натиҷаи татбиқи Кодекси нави андоз барои субъектҳои хоҷагидор муносибатҳои мутақобила бо мақомоти андоз хеле содда мегардад. Дар натиҷа зиёда аз 3000 корхона ба системаи соддакардашудаи андозбандӣ, бо супоридани андоз аз рӯи меъёри 12-фоиза мегузаранд. Ҳамаи корхонаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бо назардошти майдони киштзор, ба ҷои супоридани 6-7 намуди андозҳо супорандагони андоз барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ мегарданд.

Дар Кодекси нави андоз дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри ягонаи 13 фоизаи ин намуди андоз аз даромаде, ки зиёда аз 100 сомонӣ барои як моҳ мебошад, пешбинӣ шудааст. Дар Кодекси андози амалкунанда меъёри баландтарини ин намуди андоз 20 фоиз мебошад. Аз даромад то 100 сомонӣ меъёри андоз 8 фоиз пешбинӣ шудааст, яъне ду фоиз аз Кодекси амалкунанда кам мебошад. Ҳамчунин даромади андозбандинашаванда ба ҳадди ақали музди меҳнат баробар карда шудааст.

Дар баробари ин бояд қайд намоем, ки табақаҳои камбизоати аҳолӣ аз ҷорӣ намудани меъёри ягонаи 13-фоизаи андози даромад зарар намебинанд.

Дар андоз аз фоидаҳои корхонаҳо меъёри андоз аз 30 фоиз то 25 фоиз кам карда шудааст. Дар Кодекс пешбинӣ шудааст, ки ба корхонаҳо нисбат ба воситаҳои асосии ба кор даровардашуда истеҳлоки зудамали дукарата (ускоренная амортизация) иҷозат дода мешавад.Дар андоз аз фуруши чакана бошад,  паст кардани меъёри андоз аз 5 то 3 фоиз пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намуди андози ягона барои истеҳсолкунандагони масҳулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамин тавр, Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи иқтисодиёти ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, қабули он аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдорӣ аз тарафи Маҷлиси Миллӣ барои мустаҳкам намудани қисми даромади буҷети давлатӣ ва болоравии иқтисодиёти Тоҷикистон заминаи устувор мегардад.

Лоиҳаи Кодекси нави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, қайд намуд Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ба мақсади амалӣ гардонидани супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба содда кардани механизмҳои назорати гумрукӣ нисбати воридоту содироти мол ва воситаҳои нақлиёт, баланд бардоштани самаранокии пардохтҳои гумрукӣ, аз байн бурдани фармонфармоии бесамар ва заҳматталаб ва бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи давлатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Аврупову Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба принсип ва меъёрҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Савдо (ВТО) ва Конвенсияи соддагардонӣ, ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (Конвенсияи Киото аз соли 1999) таҳия ва қабул шудааст.

Минбаъд мутобиқи Кодекси нави гумрук назорати гумрукӣ бо баҳодиҳӣ ва идоракунии таваккал равона карда мешавад. Муҳити ҷорӣ намудани ин навоварӣ аз он иборат аст, ки мақомоти гумрук назорати гумрукиро аз болои интиқоли молҳо ва воситаҳои нақлиёт дар асоси манбаи маълумотҳо оид ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба амал мебароранд.

Дар Кодекси нави гумрук ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати қонунии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бештар таъмин карда мешавад. Пешбинӣ карда шудааст, ки самаранокии фаъолияти мақомоти гумрук бо роҳи содда гардонидани барасмиятдарории гумрукӣ, кам кардани сарфи вақт ва воситаҳои  барасмиятдарории гумрукии молҳо, баланд бардошта шаванд.

Қонунгузории нави гумрукӣ барои кори мӯътадил, озод ва боварибахши тоҷирон роҳи васеъ кушода,  ба кори озоди иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, бе вайрон кардани қонунгузории гумрукӣ мусоидат менамояд.

Кодекси нави гумрук имконият медиҳад, ки қисми зиёди молҳо дар рӯзи воридшавии онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти гумрук ба муомилоти озод иҷозат дода шаванд. Барои ин як қатор қоидаҳои нав, аз ҷумла имконияти декларатсиякунонии пешакӣ, аз ҷумла декларатсиякунонии электронӣ то расидани молҳо равона карда шудааст. Барои баъзе шахсоне, ки фаъолияти иқтисодии хориҷии худро бе қонуншиканӣ ба амал бароварда,  на камтар аз 3 сол фаъолият мекунанд, қоидаҳои махсуси соддакардашудаи барасмиятдарории гумрукӣ муқаррар карда мешавад.

Мутобиқи Кодекси нави гумрук ҳифзи ҳуқуқҳои субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба моликияти зеҳнӣ пешбинӣ шудааст. Шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд ба мақомоти гумрук оид ба андешидани чораҳо доир ба боздоштани молҳо ариза пешниҳод намоянд. Бо ин мақсадҳо мақомоти гумрук аз рӯи объектҳои моликияти зеҳнӣ Реестри гумрукӣ оғоз менамоянд.

Дар Кодекси нави гумрук механизми баргардонидани боҷҳо, андозҳо ва воситаҳои дигари пулӣ ба субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520