Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ

03.12.2004 10:00, шаҳри Душанбе

3 декабр  баъд аз зуҳр гуфтугӯи телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ баргузор гардид.

Зимни изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият аз вафоти модари Сарвари Тоҷикистон Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон хостгори раҳмати худовандӣ барои марҳума ва сабру таҳаммул барои Президенти кишвар ва мардуми Тоҷикистон шуд.

Сайид Муҳаммади Хотамӣ ва Эмомалӣ Раҳмон вазъи имрӯза ва дурнамои равобити ҳасанаи байни ду кишварро баррасӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҳар ду ҷониб барои рушду густариши минбаъдаи онҳо саъю кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод. Ҳангоми гуфтугӯ ба масоили амалӣ сохтани тавофуқоти ҳангоми сафари Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ҳосилшуда, аз ҷумла сохтмони неругоҳи барқии Сангтуда таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид. Ҷумҳурии Исломии Эрон бори дигар қотеъияти хешро дар роҳи татбиқи он тавофуқот таъкид дошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520