Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳои нав

09.12.2004 12:00, шаҳри Душанбе

9 декабр аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд қонуни нав, ки баъди ҷонибдорӣ аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буданд, имзо карда шуд.

Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди афзалияту аҳамияти қонунҳои нав таъкид кард, ки ин тадбир бобати таъмини имкониятҳои фарохтари ҳуқуқӣ, фаъолияти танзими озоди иқтисодию тиҷоратӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ нақши муҳим хоҳад бозид.

Аз ҷумла, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», ки вобаста ба қабули кодексҳои нави андозу гумрук имзо гардид, барои сари вақт пешниҳод накардани эъломияи андоз, барои ҳар 30 рӯзи ба таъхир мондани пешниҳоди эъломияи андоз шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи панҷ ҳадди ақали музди меҳнат, шахсони воқеӣ- соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи ду ҳадди ақали музди меҳнат, шахсони воқеӣ ба андозаи нисфи ҳадди ақали музди меҳнат ҷарима андохта мешаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятиро, ки ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ ба миён меоянд, муайян намуда, ба ҳимояи саломатӣ ва ҳаёти одамон, ҳифзи муҳити зист, таъмини реҷаи паҳн накардани аслиҳаи ядроӣ, бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, ҳифзи моликият ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ равона шуда, ба инкишофи илму техникаи атомӣ ва пойдор гаштани низоми байналмилалии истифодаи бехатарии энергияи атомӣ мусоидат менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тибби халқӣ» бошад, асосҳои ҳуқуқии фаъолиятро дар соҳаи тибби халқӣ муайян карда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳоро ҳангоми амалӣ намудани ин фаъолият танзим менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии соҳаи киноро муқаррар карда, принсип ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар рушди ин соҳа муайян менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бошад муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани моли (кори хизматрасонии) дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520