Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани санад «Дар бораи дастгирии молиявии мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Тавилдара, Ҳисор, Тоҷикобод ва шаҳри Душанбе

23.12.2004 09:00, шаҳри Душанбе

23 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи дастгирии молиявии мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Тавилдара, Ҳисор, Тоҷикобод ва шаҳри Душанбе» санад ба имзо расонид.

Мутобиқи амри Сарвари давлат Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад 90000 (навад ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

Ин маблағ ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 70000 (ҳафтод ҳазор) сомонӣ, аз ҷумла барои мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Тавилдара ҷиҳати таъмини кӯдакон бо хӯрока 20000 (бист ҳазор) сомонӣ; барои мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони нобино ва сустбини ноҳияи Ҳисор 30000 (си ҳазор) сомонӣ, аз он барои таъмири боми мактаб-интернат 20000 (бист ҳазор) сомонӣ ва таъмини кӯдакон бо хӯрока 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ; барои мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини кӯдакон бо хӯрока 20000 (бист ҳазор) сомонӣ равона карда мешавад.

Ба буҷети ноҳияи Тоҷикобод барои таъмири хона-интернати бачагони ятим дар деҳаи Нушор 20000 (бист ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ноҳияи Тоҷикобод супориш дод, ки истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин намуда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520