Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияҳои табрикӣ ба ифтихори фарорасии Соли Нави 2005

31.12.2004 18:00, шаҳри Душанбе

31 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони давлатҳо ва кишварҳо, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шахсиятҳои таърихиро ба ифтихори фарорасии Соли Нави 2005 табрик намуд.

Дар паёмҳои шодбошии Сарвари давлат ба онҳо сиҳатию комёбӣ ба мардуми кишварҳо саодат ва шукуфоҳ таманно гардидааст.

Ҳамзамон ба шарафи фарорасии Соли Нави 2005 ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаҳо ва паёмҳои шодбошӣ расидаанд.

Дар номаи табрикии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:

Эмомалӣ Шарифовичи мӯҳтарам !

«Шуморо бо фарорасии Соли Нави 2005 аз таҳти дил табрик менамоям.

Соле, ки сипарӣ мешавад, дар раванди таҳким ва таъмиқи равобити таърихан дӯстонаи Россия ва Тоҷикистон мақоми хос дошт.

Асноди дуҷонибае, ки дар моҳи октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе имзо гардиданд, ба ҳамкории бисёрҷабҳаи Россия ва Тоҷикистон такони бузург бахшид. Ман муътақид мебошам, ки татбиқи пайгири нукоти асосии онҳо ба нафъи халқҳои ду кишвар ва таъмини суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ хидмат хоҳад кард».

Дар номаи табрикии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Сарвари давлат ва тамоми мардуми Тоҷикистон хушбахтӣ, саодати зиндагӣ ва шукуфоӣ таманно намудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Халқи Чин Ху Тзинтао, Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон Хорст Келлер, Сарвазири Бритониёи Кабир Тони Блеэр, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Сафармурод Ниёзов, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Чехия Ватслав Клаус, Сарварони Ирландия, Норвегия, Индонезия ва баъзе давлатҳои дигар, ҳамчунин роҳбарон ва масъулони Созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ самимона табрик намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520