Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани Фармон "Дар бораи баъзе тағйиротҳо дар системаи идораи давлатӣ"

18.01.2003 19:01, шаҳри Душанбе

18 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили системаи идораи давлатӣ фармон "Дар бораи баъзе тағйиротҳо дар системаи идораи давлатӣ"-ро имзо кард.

Тибқи фармони мазкур Ширкати давлатии холдингии "Ғалла", Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "Тоҷикдеҳкимиё", корхонаҳои воҳиди давлатии "Тоҷикнефтугаз", "Тоҷикангишт", Ширкати давлатии тиҷоратию истеҳсолии "Тоҷиклес"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода, функсия ва вазифаҳои корхона ва Ширкатҳои номбурда ба Вазоратҳои кишоварзӣ, энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520