Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

31.01.2003 18:00, шаҳри Душанбе

31 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Маҷлиси Ҳукумат кори худро аз баррасии масъалаи сиёсати кадрҳо оғоз намуд ва дар ин робита як силсила қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд.Иштирокчиёни маҷлис ҳисоботи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро оид ба корҳои анҷомдодашуда шуниданд.

Дар ҷараёни муҳокимаи масъалаи мазкур Президенти ҷумҳурӣ масоили шуғли меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишварро ба қатори масъалаҳои дорои аҳамияти умумидавлатй дар марҳилаи кунунии инкишофи мамлакат ном бурд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи ҷашни 60-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 қарор қабул намуд. Иштирокчиёни маҷлис нақшаи тадбирҳои омодагӣ ба баргузории ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлобро муҳокима ва тасдиқ намуданд. Дар маҷлис лоиҳаи як қатор қонунҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ", "Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ", доир ба ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонунҳо "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ" маъқул дониста шуд ва барои баррасӣ ба парламенти ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.

Дар доираи муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба сиёсати хориҷии кишвар Созишнома оид ба номгӯи умумии фаъолияти иқтисоди хориҷии Иттиҳоди иқтисодии Авруппою Осиё, қарор дар бораи Низомномаи шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар таҳрири нав тасдиқ шуда, ҳамчунин лоиҳаи Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳодияи байналмилалии дастгирии ҳамкорӣ бо олимони давлатҳои нави мустақили собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар хусуси ҳамкории илмӣ маъқул дониста шуд.

Дар маҷлис ҳамчунин аз рӯи дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат қарорҳои лозима ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла қарор дар бораи нишондиҳандаҳои дурнамои сармоягузории асосии мутамарказ барои соли 2003 ва оид ба барномаи корҳои оморӣ дар соли 2003 , ҳамчунин номгӯи ҷамъиятҳои саҳҳомии шакли кушодае, ки саҳмияҳояшон дар тендерҳои инвеститсионӣ пешниҳод мегарданд, тасдиқ шуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520