4 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Ким Сонг Хван эътимоднома қабул намуд.
Дар ҷараёни мулоқот, ки баъди маросими супоридани эътимоднома доир гардид, ҷонибҳо имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, хусусан дар соҳаи иқтисодиётро баррасӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки барои рушди ҳамкориҳо тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Мусоҳибон ҳамчунин баъзе масъалаҳои байналмилалиро баррасӣ карданд.