5 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Нидерланд дар Тоҷикистон Петер Ван Леувен эътимоднома қабул намуд.
Баъди анҷоми маросими супоридани эътимоднома оид ба дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор доир гардид. Қайд карда шуд, ки мулоқот дар арафаи сафари Вазири корҳои хориҷии Нидерланд, ҳамчун Раиси амалкунандаи САҲА ба Тоҷикистон барпо шуд.