6 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намояндаи нави Ватикан дар Тоҷикистон Нунтсии Апостоли Юзеф Веселовский эътимоднома қабул намуд.
Баъд аз анҷоми маросими супоридани эътимоднома оид ба инкишофи муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Ватикан мубодилаи афкор доир гардид. Дар вохӯрӣ ба масъалаи муносибат ба дин дар Тоҷикистон дахл карда шуд. Мусоҳибон изҳор намуданд, ки ба роҳ мондани гуфтугӯи тамаддунҳо, динҳо ва фарҳангҳо талаби замон мебошад.