6 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Белгия дар Тоҷикистон Андре Мерне эътимоднома қабул намуд.
Баъд аз супоридани эътимоднома Сарвари давлат ва дипломати Белгия оид ба масъалаҳои инкишофи муносибатҳои байнидавлатӣ ва рафти омодагӣ ба сафари дар пеш истодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Белгия мубодилаи афкор карданд.