Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати иди саиди Қурбон

11.02.2003 09:00, шаҳри Душанбе

11 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба муносибати иди саиди Қурбон табрик намуд.

Сарвари давлат дар Паёми табрикӣ зикр намуд, ки "Иди Қурбон аз ҷумлаи қадимтарин ва азизтарин маросимҳои суннатии мусулмонон аст. Рӯзи ид мардуми мо дастархони пурнозу неъмат густурда, ба муборакбодии якдигар мераванд, меҳмононро аёдат ва мазори гузаштагонро зиёрат мекунанд. Аз Қуръони маҷид оятҳо қироат менамоянд ва муҳимтар аз ҳама, барои ятимону барҷомондагон, бепарасторону пиронсолони танҳо ва дигар ашхоси камбизоат дасти хайру сахо мекушоянд.

Имсол дар арафаи иди Қурбон зиёда аз 3 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нияти адои маросими Ҳаҷ ба Маккаи мукаррамаю Мадинаи мунаввара рафтанд. Умед дорем, ки онҳо баъди бозгашт ба Ватан дасти сахо ва ёрмандиро аз эҳтиёҷмандон дареғ намедоранд, мутобиқи рисолати накӯи ҳоҷиён барои таҳкими аҳкоми шариат, ҷорӣ кардани тӯю маъракаҳои камхарҷ, сарфакорӣ ва инсоф кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд. Зеро исрофкорӣ дар дини мубини Ислом одилона маҳкум гардидааст".

Дар паёми табрикӣ зикр шудааст, ки мардуми мо низ ба ҷои худнамоӣ ва ҳангома, маъракаҳои бениҳоят калон ва баъзан ҳатто нозарур, метавонанд ҳамчун аҳолии кишварҳои мусулмонии пешрафта пасандозҳои худро барои корҳои муҳим -таҳкими саломатӣ, таҳсили фарзанд, бунёди корхонаҳо, ободии диёр харҷ намоянд.

Сарвари давлат афзуд, ки иди саиди Қурбон ба мавсими ниҳолшинонӣ рост омад. Инчунин дар ин сол симпозиуми байналмилалии оби тоза доир мегардад, ки мо бояд дар истифодаи оқилона аз оби тоза намунаи ибрат бошем. Зеро Паёмбари ислом ҳам ба сарфаи ин ганҷ таъкид намуда, ҳатто ҳангоми таҳорат аз андозаи зарурӣ зиёд истифода бурдани обро манъ карда будааст.

Президенти кишвар бори дигар ҳамватанонро бо иди Қурбон табрик гуфта, аз мардуми диёр хоҳиш намуд, ки баҳри осоишу ободии Тоҷикистони азиз дар рӯзи ид дасти дуо бардоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520