Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мукофоти давлатӣ ба гурӯҳи калони хизматчиёни ҳарбии кишвар

22.02.2003 09:00, шаҳри Душанбе

22 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади пуршукӯҳ, ки бахшида ба ҷашни 10-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ доир гардид, гурӯҳи калони хизматчиёни ҳарбии кишварро бо мукофотҳои олии Ватан сарфароз гардонд.

Президенти кишвар ҳозиринро табрик намуда, зикр сохт, ки артиши ҷавони тоҷик таи солҳои мавҷудияти худ роҳи пурмашшақат, вале пуршарафро аз сар гузаронид. Роҳбарияти давлату ҳукумат пайваста ба рушду таҳкими Артиши миллӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан буда, дар роҳи таъмини пойдории сулҳу осоиш, бехатарии марзҳо, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият нақши арзандаи худро гузоштааст.

Сарвари давлат барои комёбиҳо дар роҳбарӣ ва саҳми шахсӣ дар таъмини қобилияти мудофиавӣ ва омодагии олии ҷангӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ва вазири корҳои дохилӣ генерал-полковник Ҳумдин Шарифовро бо ордени "Исмоили Сомонӣ" дараҷаи 2 сарфароз гардонд.

Гурӯҳи калони хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои комёбиҳо дар роҳбарӣ ва идораи қӯшунҳо, таъмини қобилияти мудофиавӣ ва омодагии олии ҷангӣ, ташкили хизмати аълои ҳарбӣ, ҷасорату фидокорӣ ҳангоми иҷрои қарзи ҳарбӣ бо орденҳои "Спитамен" дараҷаи 2, "Шараф" дараҷаи 1, медалҳои "Ҷасорат", "Хизмати шоиста", "Шафқат", "Марзбони шуҷои Тоҷикистон", унвони фахрии "Корманди шоистаи Тоҷикистон" ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба гурӯҳи калони намояндагони ҳайати фармондеҳӣ ва роҳбарии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва махсус дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми маросим ҳамаи мукофотгирифтагонро табрик гуфта, изҳори умеду боварӣ намуд, ки онҳо ба нафъи халқу Ватан содиқона хизмат хоҳанд кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520