Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.02.2003 17:00, шаҳри Душанбе

26 феврал таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис оид ба "Рафти иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафарҳояш ба вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2002" дода буд, мудири шӯъбаи назорати Дастгоҳи иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Одинаев гузориш дод.

Қайд карда шуд, ки бо мақсади иҷрои дастурҳои сардори давлат дар ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин дар вазорату идораҳо нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ шуда, амалӣ мегарданд.

Баробари ин баъзе бандҳои нақшаи чорабиниҳо бо сабабҳои гуногун аз тарафи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ иҷро нашудаанд. Масалан, новобаста аз он, ки дар муқоиса бо соли 2001 - ум ҷамъоварии пахта 62,7 ҳазор тонна, аз ҷумла навъи маҳиннахи он 113,2 ҳазор тонна зиёд буд, ӯҳдадории 600 ҳазораи ҷамъоварии пахта иҷро нагардид.

Аз тарафи Вазорати энергетика дар соли гузашта масъалаҳои афзун намудани истеҳсоли нафту газ, ташкили пардохти фурӯши гази табиӣ ба ҳаҷми пурра ҳалли худро наёфтаанд. Аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор дар мӯҳлати таъиншуда, супоришҳои Сардори давлат оид ба ҷудо кардани техника барои кони ангишти "Назарайлоқ", пардохти қарзҳо ба кирмакпарварон, мубориза бо ҳашароти зараррасони кишоварзӣ дар боғҳои ноҳияи Рашт, ба роҳ мондани истеҳсоли шпалаҳои бетонӣ дар ноҳияи Ленин, таъмири роҳи автомобилгарди Душанбе - Ҷиргатол иҷро нагардидаанд.

Дар ҷаласа инчунин қарор "Дар бораи таҳияи дурнамои рушди иҷтимоии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2004" қабул гардида, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ", "Дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ"" маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба парламенти ҷумҳурӣ фиристода шуд. Дар маҷлис якчанд Созишномаҳои байнидавлатӣ низ тасдиқ гардида, ба проблемаҳои соҳаи нақлиёт диққати махсус дода шуд.

Ҷаласаи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯи як қатор масъалаҳои дигари муҳимми инкишофи мамлакат, аз ҷумла оид ба кадрҳо ва проблемаҳои кишти баҳории пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ қарорҳои дахлдор қабул намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520