Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдии Карруби

05.03.2003 14:00, шаҳри Душанбе

5 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдии Каррубиро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқоти дӯстона ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба сухан ронданд. Қайд карда шуд, ки самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодӣ таъсиси корҳонаҳои истеҳсолии муштарак, сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ ва коммуникатсияҳои нақлиётии дорои аҳамияти минтақавӣ ба шумор мераванд.

Зимни баррасии мавзӯоти минтақавӣ муқоисаи мавқеъҳо нисбат ба проблемаҳои Афғонистон ва Ироқ доир гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520