Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани фармон "Дар бораи тасдиқи Низомномаи хадамоти кадрӣ"

10.03.2003 09:00, шаҳри Душанбе

10 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фармон "Дар бораи тасдиқи Низомномаи хадамоти кадрӣ" имзо кард. Фармони мазкур барои дар амал татбиқ намудани моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ҷиҳати таъсиси системаҳои самараноки идораи кадрҳо, ба истифодаи пурра ва оқилонаи иқтидори кадрҳо ва барои ба хизмати давлатӣ ҷалб намудани кадрҳои қобилиятноку баландихтисос мусоидат менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520