Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Котиби генералии Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё (ИИАО) Григорий Рапото

13.03.2003 17:00, шаҳри Душанбе

13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё (ИИАО) Григорий Рапоторо ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқоти судманд ҷонибҳо оид ба вазъи ИИАО ва дурнамои ҳамгироии давлатҳои аъзои Созмон мубодилаи афкор карданд. Диққати махсус ба ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт дар доираи ИИАО дода шуд. Қисми муҳимми сӯҳбат ба масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ИИАО, ки баргузории он охири моҳи апрел дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, бахшида шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520